Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба Чин сафар кард
Душанбе, 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» субҳи дирӯз ба Чин парвоз кард. Ин сабқат аз 11 то 15 июл дар шаҳри Вайнан доир мегардад.
Барои ширкат дар ин мусобиқа сармураббии даста Зайниддин Раҳимов 18 бозингарро бо худ бурд:
Дарвозабонҳо: Хисрав Раҳимов («Саройкамар»), Далер Азизов («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Исломиддин Ғоибов, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Помир»), Амир Иброҳимов («Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Искандар Солиев, Шаҳзод Давлатов, Шарифҷон Ҷамолов ( «Помир»);
Ҳамлагарон: Аваз Қамчинов («Равшан»), Мубинҷон Мӯминов («Хуҷанд»), Далер Ёдгоров, Тоҳир Малодӯстов («Помир»).
Футболбозони тоҷик дар силсилаи рақобатҳо бо тимҳои мунтахаби наврасони Кореяи Ҷанубӣ (11 июл), Туркманистон (13 июл) ва Чин (15 июл) вориди майдон мешаванд. Вохӯриҳо ба таври даврӣ сурат мегиранд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






