Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр мекунад

Июль 26, 2016 09:06

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон факултаҳои «Молия ва қарз, «Ҳисобдорӣ ва омор», «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ», «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Менеҷмент  ва ҳуқуқи молиявӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва шуъбаи магистратура амал мекунанд, ки аз рӯи 37 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд. Ин матлабро дирӯз ректори донишкада Ашӯрбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсолаи донишкада  иброз намуд.
Дар айни замон дар донишкада 1633 нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ, 75 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 4 ҳазору  807 нафар  тариқи шартномавӣ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар байни 31 донишгоҳу донишкадаҳо дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи чорумро ишғол намудааст, ки нуфузи донишкадаро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам боло бардоштааст.

Июль 26, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид