ДТТ ба номи М. Осимӣ имконияти хуби фиристодани донишҷӯёнро ба хориҷи кишвар дорад
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода, яке аз самтҳои фаъолияти байналмиллалии донишгоҳ мавҷуд будани факултети муштараки муҳандисию техникии Тоҷикистон-Беларус мебошад, ки ҳоло дар ин факулта 372 нафар донишҷӯён идомаи таҳсил доранд.
Инчунин дар соли равон 128 нафар донишҷӯёни факултаи мазкур курси дуюмро хатм менамоянд, ки барои минбаъд идома додани таҳсил бештари онҳо ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус интиқол дода мешаванд.
«Соли таҳсили 2015- 2016 дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ 7 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия фиристода шуданд»,- иброз намуд Ҳайдар Одиназода ва афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо 6 муассисаи таълимии ИДМ ва хориҷи дур созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки яке аз нишондодҳои назаррас дар соли равон мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






