Ду нафар таблиғгарони «ҷамоати таблиғ» дар ноҳияи Мурғоб ҷазои сазовор гирифтанд

Июль 26, 2016 09:08

Хоруғ, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Ду нафар аз сокинони ноҳияи Мурғоб Кутман Мамбетқулов ва Бактияр Асанов баъди ду соли таҳсил дар яке аз мадрасаҳои мамолики хориҷӣ ба хона баргашта, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротиву экстремистии «ҷамоати таблиғ» пардохтанд.
Дар ҳоле ки ҳанӯз 10 сол қабл, яъне 30 марти соли 2006 фаъолияти ин гуна ташкилотҳои динӣ-экстремистӣ аз  ҷониби  Суди Олии ҶТ  манъ шудааст. Сарфи назар аз ин Кутман ва Бактияр, ки аз ғояҳои пок ва аслии дини мубини ислом заррае баҳра набурдаанд, мутобиқ ба фармудаҳои хоҷагони хориҷии худ бо мӯи сару риши дароз, шими кутоҳпоча ва чашмҳои сурмазада  гашта, байни мардум аз китобҳои «Алти-сифат», «Юсуф баянат», «Фазоил амал» иқтибосҳои подарҳаво оварда, дар миёнашон тафриқаву ихтилоф меандохтанд.
Аз ғояти ҷаҳолату таассуб номҳое, ки волидонашон ба онҳо ниҳода буданд, рӯ гардонида, Кутман номашро ба  «Абдулло » ва Бактияр ба «Абубакр»  иваз намуданд.  Баъди таҳлил ва пайгирии аъмолашон ин ду нафар аз тарафи кормандони раёсати КДАМ дар ВМКБ бо далелҳои шайъӣ боздошт шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва ба суди ноҳияи Мурғоб ирсол карда шуд. Суди ноҳия амалҳои ифротгароёна ва зидди конститутсионии онҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода, мутобиқи моддаи 307  Кутман Мамбетқуловро ба муҳлати 6 сол ва Бактияр Асановро ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Июль 26, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад