Дуздии 7 ҳазор сомонӣ аз мағоза аз ҷониби як зани 35-сола

Июль 18, 2016 12:07

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба мақомоти милитсия хабар расида буд, ки 11-уми июл шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи «Мубина», воқеъ дар  кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, маблағи пулии нақд 7000 сомониро дуздидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои даст доштан дар ҷинояти дуздӣ зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Июль 18, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе