Файзобод: Нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум гарон аст
Файзобод, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр дорандагону соҳибкорон ва кулли рӯзадорон ба додани садақа ва анҷом додани корҳои хайр машғул мебошанд. Вале қисми зиёди тоҷирон ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолию баъзе деҳқонон ин фурсати муносибро истифода бурда, бо нархҳои дилхоҳашон маҳсулоти ниёзи мардумро мефурӯшанд. Мавҷуда ном харидор сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, ки ин афрод на имон доранду на виҷдон ва маблағи аз ин ҳисоб ёфтаашон насибашон намекунад ва дар амали намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳлангорӣ мекунанд.
Нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар бозори хӯрокаи Ҷамъияти матлубот ва мағозаҳои маркази ноҳияи Файзобод чунин аст: гӯшт 28-31 сомонӣ, картошка 1,20-1,50 сомонӣ, пиёз 80 дирам-1 сомонӣ, сабзӣ 2,50-3 сомонӣ, помидор 2 сомонӣ, бодиринг 3 сомонӣ, себи маҳалӣ 6 сомонӣ, шафтолу 10-13 сомонӣ, тарбуз 8-15 сомонӣ, харбуза 10-20 сомонӣ, ангур 13-20 сомонӣ, тухми ҶДММ «Тарз»-и шаҳри Ваҳдат 30 дона 19-20 сомонӣ ва 30 дона тухми ҶДММ «Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 25 сомонӣ мебошад.
Гаронии тухми «Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод, ки дар ҳудуди ноҳия истеҳсол мешавад, сокинони ноҳияро ҳайрон намудааст. Баротзода Тавакал мегуяд: Ин беинсофӣ аст, ки тухми «Тарз»-и шаҳри Ваҳдатро, Файзобод оварда 19-20 сомонӣ ба мо мефурӯшанд, аммо тухми истеҳсоли Файзободро дар арафаи Иди сайиди Фитр 25 сомонӣ. Агар аз беруни ноҳия тухм ворид намегардид, эҳтимол буд ҶДММ «Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 30 дона тухмро боз ҳам зиёдтар фурӯшад.
Масъулини Ҷамъияти матлуботи ноҳия гаронии нархи баъзе маҳсулотҳои кишоварзиро дар гарон будани роҳкиро ва гаронфурӯшии деҳқонон медонанд, аммо баъзе сокинони ноҳия бар ин назаранд, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи Иди сайиди Фитр барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи мардум ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил накардаанд ва назорати нархи бозор аз ҷониби шуъбаи иқтисодии ноҳия заиф мебошад, аз ин хотир тоҷирони назди мағозаҳои маркази шаҳр бо нархи дилхоҳи худ, маҳсулоти ниёзи мардумро мефурӯшанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






