Фарҳанг: ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш меёбанд

Июль 23, 2016 08:24

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар  нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон    зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон  иштироки аҳли фарҳангу ҳунар  дар чорабиниҳои фарҳангии дар  кишварҳои хориҷ баргузоргардида назаррас буд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон  ҳунармандони тоҷик бобати ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ ба давлатҳои Қатар, Кувайт, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Бошқирдистони Федератсияи Русия,  ҳайати даҳнафараи ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Пойтахти фарҳанги Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Дашогуз дар соли 2016» ба Туркманистон  ва  моҳи  июни ҳамин сол  8 нафар ҳунарманди Сирки тоҷик дар Фестивали байналмилалии сирк ба  кишвари Миср  сафари ҳунарӣ доштанд ва Тоҷикистонро дар ин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки  вазорат ҳамкориро  бо сафоратхонаҳои  кишварҳои  хориҷии муқими Тоҷикистон  густариш  дода,   дар давраи ҳисоботӣ Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи консертии гурӯҳи ҳунарии   «Нағма»-ро дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев,  Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон  ҷиҳати таҷлили Иди миллии баҳори  чинӣ  барномаи фарҳангиро таҳти унвони «Чин ва Тоҷикистон оилаи ягона» дар бинои Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ,    Сафорати Ҷопон  Рӯзҳои фарҳангии кишвари Ҷопонро дар Маркази Исмоилияи Тоҷикистон ва  Сафорати Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистонро баргузор намуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Ансамбли маъюбони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Боғи «Ирам»-и пойтахт се барномаи ҷолиби ҳунарӣ намоиш доданд.

Июль 23, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст