Гуфтушунидҳо бо шарикони дохиливу хориҷӣ оид ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи геология иҷро гардиданд

Июль 13, 2016 07:53

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи  аввали соли 2016 баргузор гардида,  Мурод Хол Ҷумазода сардори  Саридораи геология оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  маълумоти  мухтасар  дод.
Мурод Хол Ҷумазода аз ҷумла,  зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ба маблағи 2 474 775,0 сомонӣ аз буҷа ҷудо шуда, саридора  ба маблағи 2 445 874,0 сомонӣ ба буҷа андоз супоридааст, ки ин 99 фоизи маблағҳои аз буҷаи давлатӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ ҷудошударо ташкил дода, иҷрои корҳо оид ба муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд.
Сардори  Саридораи геология ҳамчунин зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ гуфтушунидҳо бо шарикони дохиливу хориҷӣ оид ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи геология, аз қабили намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, ширкатҳо ва хадамоту идораҳои геологии Чин, Олмон, Финляндия, Британияи Кабир, Русия ва Эрон иҷро гардида, дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 21 лоиҳаи омӯзиши геологӣ, 13 ҳисоботи геологӣ ва 3 ҳисоботи иттилоотӣ баррасӣ шуданд. Инчунин дар КДЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ҳисобот аз экспертизаи давлатӣ гузаштанд ва захираҳояшон тасдиқ гардиданд. Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда, захираҳо аз рӯи категорияҳои гуногун ҳисобӣ шуда, тарози давлат аз ҳисоби: нуқра  204920кг, оҳаксанг  4668158 м3, хок  1550327,11м3, регу шағал  85375,2 м3, гаҷсанг  172477,5 м3 ғанӣ гардид.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин  давра аз ҷониби саридора ба баррасии Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи ҳатмии андоз дар назди Вазорати молия 55 лоиҳаи қарордод барои муайян намудани бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва роялтӣ ирсол гардида, аз он 18 лоиҳаи қарордод дар баррасӣ қарор дошта, бо 37 ширкат ба маблағи умумии 45 698 166,17 сомонӣ бонуси обунавӣ, ба маблағи умумии 1 510 065,77 сомонӣ бонуси кашфи тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ ба маблағи 47 208 231,94 сомонӣ қарордод баста шудааст.

Июль 13, 2016 07:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад