Гумрукчиён кӯшиши интиқоли зиёда аз 13 кило маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд
Душанбе, 25.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони гумруки Панҷи Поёни раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун боз як кўшиши интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Тарве ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Хукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи амалиёти муштарак дар дидбонгоҳи назди сарҳадии №3-и ноҳияи Ҷайҳун сокини вилояти Қундуз улусволии «Хонаобод»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Воҳид валади Ҳафизуллоҳ, ки мехост ғайриқонунӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намояд, боздошт гардид. Номбурда бо худ як борхалта дошт, ки дар дохили он беш аз 7,4 кг маводи нашъаовари навъи афюн ва 6,3 кг маводи нашъаовари навъи ҳашиш мебошад. Вазни умумии маводхои мусодирагардида 13 кг 842 гр-ро ташкил дод.
Аз рўи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






