«Хиросима» ба забони тоҷикӣ нашр гардид
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нависандаи Ҷопон Тоси Марукӣ «Хиросима» бо забони тоҷикӣ нашр гардид.
Тарҷумон Нигор Абдуғаффор баъди сафари 45-рӯза ба Ҷопон ва дидани шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакӣ тасмим гирифт, ки асари мазкурро ба хонандагони тоҷик пешкаш намояд.
«Хиросима» барои кӯдакони синни мактабӣ буда, он ба даҳҳо забонҳои дигари дунё баргардон шудааст. Асари мазкур аз даҳшати 6-уми августи соли 1945 он рӯзе, ки амрикоиҳо ба Хиросима бомбаи атомӣ партофта буданд, ҳикоят мекунад.
Қаҳрамонони асосии асар духтарчае бо номи Мии Тян ва волидонаш мебошанд. Мии Тян рӯзи таркиш ҳафтсола буд ва бар асари бомбаи атомӣ қаду қомати ӯ то охири умр мисли ҳафтсолаҳо боқӣ мемонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






