Иқдомҳои навбатӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявии электронӣ
Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти сарварии мушовир Хосе Морендо де Барреда мулоқот гузаронида шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки бо дастгирии Барномаи Глобалӣ оид ба молия ва бозорҳои Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи институтҳои молиявии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон оғоз мегардад.
Бино ба маълумоти манбаъ, мақсад аз татбиқи ин лоиҳа васеъ намудани доираи фарогирии тамоми қишрҳои аҳолӣ аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ бо истифода аз бизнес-моделҳои нави иноватсионӣ, аз қабили истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет, терминалҳои худкори худхизматрасон ва агентҳои бонкӣ мебошад.
Муҳлати татбиқи лоиҳа чор сол арзёбӣ гардида, дар доираи лоиҳа роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ (Е-хизматрасониҳо), ба мисоли технологияҳои пулҳои электронӣ, интернет-банкинг, дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ тавассути таҷҳизоти мобилӣ, пардохтҳои мобилӣ, интернет пардохтҳо ва дигар хизматрасониҳои молиявии электронӣ ба назар гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, афзоиши фарогирии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо дар қаламрави кишвар мусоидат хоҳад кард.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






