Иқтисоди ВМКБ рӯ ба инкишоф аст

Июль 5, 2016 15:41

ВМКБ, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар зарфи 25 — соли Истиқлолият ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, инкишоф дар ҳама гуна самтҳо, бахусус дар соҳаҳои хоҷагии халқ баръало назаррас мебошад.
Имрӯз ВМКБ ба сифати як минтақаи баландкӯҳи ҷолиб барои сайёҳон ва меҳмонони кишвар муаррифӣ карда мешавад.
Таҳаввулоти таърихии 25 соли охир дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса минтақаи кӯҳсори кишвар дигаргуниҳои куллӣ ворид сохт. Ин марҳила бо хусусиятҳои хос ва омилҳои ташаккули таърихиаш давраи созандагию бунёдкорӣ арзёбӣ мешавад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар  минтақаҳои кишвар бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат рушд меёбад.
Ҳанӯз зимни нахустин сафари Сарвари давлат ба Бадахшон, ки тобистони соли 1993 сурат гирифт, барои ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва сайёҳати байналхалқии Тоҷикистон табдил ёфтани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон замина фароҳам гардид.
Ҳамин тариқ дар ҷараёни беш аз 40 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо назардошти рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳо, бахусус бунёди роҳу пулҳои мошингузар, маориф, тандурустию фарҳанг бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ заминаи воқеӣ гузошта шуда, дар як муддати  кӯтоҳ аксари мушкилоти минтақа ҳал гардиданд.
Мавриди истифода қарор додани роҳи мустақиму доимӣ бо пойтахти кишвар, шоҳпулҳои мошингард дар Дарвоз, Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ аз болои дарёи Панҷ, ба фаъолият шурӯъ намудани бозорҳои назди сарҳадии ин минтақаҳо ба рушди тиҷорати байни Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Афғонистон заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Боиси қайд аст, ки дар даҳ соли амалисозии Барномаҳои нақшавии рушд нишондиҳандаҳои асоси пурра ва барзиёд таъмин гардида, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 маротиба, мусофиркашонӣ 2,2 маротиба, боркашонӣ 29 фоиз, гардиши моли чакана 30 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 10 фоиз нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда афзоиш ёфт.
Ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ барои иншоотҳои асосии вилоят тайи понздаҳ соли охир 1646,4 млн. сомонӣ зиёд шуда, аз 11,8 млн. сомонии соли 2000 то ба 248,9 млн. сомонӣ дар соли 2015 расидааст.
Соли 2016 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳои сохташавандаи вилоят 75,9 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин 10,6 фоиз аз маблағҳои пешбинишудаи соли 2015 зиёд аст.
Бояд қайд кард, ки дар давоми солҳои 1992-2015 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,8 млрд. сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Аз рӯи маълумоти расмӣ шумораи аҳолии ВМКБ дар соли 2015 ба 215,6 ҳазор нафар расидааст, ки ин дар қиёс ба соли 1991 ба андозаи 25,3 фоиз ё 43,6 ҳазор нафар зиёд мебошад. Афзоиши табиии аҳолӣ 3641 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра шумораи захираҳои меҳнатӣ ба 127 ҳазор нафар ва шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол бошад, аз 61 ҳазор ба 87 ҳазор расидааст, ки ин мутаносибан 59,0 ва 40,5 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад.
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даврони истиқлолият ба пешравиҳои  бузурги рушди соҳаи саноат ноил гардид. Дар ин давра, корхонаҳои нави дорои технологияҳои замонавӣ таъсис дода шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд.
Ҳоло дар вилоят 48 корхона ва 62 сехи хурди саноатӣ фаъолият дорад. Бунёди корхона ва коргоҳҳо ба болоравии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуда, дар натиҷа соли 2015  корхонаҳои саноатии вилоят 113,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба бист соли сипаришуда 40 фоиз зиёд аст.
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мавҷуд буда, барои самаранок истифода бурдани онҳо ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ сафарбарнамоии захираҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Латиф Шоҳзодаев
сардори Раёсати рушди иқтисод
ва савдои ВМКБ

Июль 5, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид