И.Қурбониён: «Овозаҳо оид ба манъи воридоти маҳсулоти эронӣ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон асос надоранд»

Июль 15, 2016 14:33

Душанбе, 15.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) дар давоми шаш моҳи соли равон ба миқдори 4 ҳазору 940 тонна маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба қайд гирифта шуданд, ки як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯ набуданд», — изҳор кард Ибодулло Қурбониён, директори «Тоҷикстандарт» зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз даҳҳо ҳазор дӯкону мағозаҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ пешниҳод мекунанд, ки миёни онҳо маҳсулоти сифатан паст ва муҳлаташон гузашта хеле зиёд аст. Бинобар ҳамин, ба пурсиши хабарнигори АМИТ «Ховар» дар хусуси кам ё зиёд будани ошкор шудани ҳамагӣ 4940 тонна маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда, И.Қурбониён шарҳ дод, ки: «Кормандони агентии «Тоҷикстандарт» давоми соли 2015 ҳамагӣ 1 ҳазору 800 тонна маҳсулоти ғайристандартиро ошкор ва мусодира карда буданд. Соли 2016 дар давоми шаш моҳ наздик ба 5 ҳазор тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3 баробар зиёд мебошад».
Тибқи гуфтаҳои И.Қурбониён аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва зиёд намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки онҳо фаъолияти мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ, аз ҷумла гузаронидани санҷиш аз тарафи кормандони «Тоҷикстандарт»-ро маҳдуд месозад. Дар ҳамин маврид, зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони аҳолӣ оид ба талаб кардани ҳуқуқҳои истеъмолии худ ва дархост намудани сертификати мол аз фурӯшандагон зарурати бештар дорад. Вобаста ба ин, агентии «Тоҷикстандарт» барои муаррифии маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи истеҳсоли ватанӣ озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуд, ки даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо пешниҳод шудани маҳсулоти 203 корхонаи истеҳсоли ватанӣ ҷамъбаст гардидааст.
Ба иттилои И.Қурбониён, бештари маҳсулоте, ки дар озмоишгоҳи ташхисӣ ғайристандартӣ дониста шуданд, маҳсулоти ғизоии гӯшт, равғани растанӣ, макарон, нӯшокиҳои ташнашикан, ғайриспиртӣ ва машрубот, маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, консерваҳо, чой, какао, қаҳва, меваву сабзавот мебошанд, ки аз Туркия, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда шуданд.
Оид ба овозаҳо дар хусуси гӯё манъ шудани воридот ва фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Эрон, ки баъзе ВАО паҳн карданд, директори агентии «Тоҷикстандарт» И. Қурбониён чунин изҳор кард: «Мо ворид шудани ягон маҳсулоти эрониро манъ накардаем. Чунин овозаҳо ягон асос надорад. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вобаста ба ҳамин масъала бевосита ба роҳбарияти «Тоҷикстандарт» муроҷиат кард. Сафир баъд аз шинос шудан ба натиҷаи ташхиси маҳсулоти ғайристандартии истеҳсоли Эрон, изҳор кард, ки ба он шахсоне, ки ба бозори истеъмолии Тоҷикистон маҳсулоти ғайристандартии эронӣ ворид мекунанд, минбаъд раводид дода намешавад».
Умуман, дар давоми шаш моҳ аз кишварҳои Туркия ба миқдори 590 тонна, Ҳиндустон ба миқдори 300 тонна, Чин ба миқдори 269 тонна, Русия ба миқдори 186 тонна, Ветнам ба миқдори 10 тонна, Қазоқистон ба миқдори 12 тонна, Гурҷистон ба миқдори 69 тонна ва аз Эрон ба миқдори 664 тонна маҳсулоти хӯрокаи ғайристандартӣ ба бозори истемолии Тоҷикистон ворид шудааст. Кормандони «Тоҷикстандарт» аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба миқдори 105 тонна (ғайр аз обҳои ташнашикан) маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карданд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳоло дар мамлакат нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва идораву муассисаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа идома дорад, ки дар рафти он ба намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ ҳисобот пешниҳод мегардад.

Июль 15, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид