Ҳиммати саховатмандони Зайнабобод
Шаҳраки Сомониён. 05.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ба 200 оилаи ниёзмандон аз деҳаҳои Комсомол ва Файзобаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки саховатмандон расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» раиси ҷамоати Зайнабобод Содиқ Юсупов хабар дод, кӯмакҳо аз орд, биринҷ, равған ва қанд иборат буда, дар маҳаллаҳои мазкур дастраси сокинон, ки рӯзҳои 12-14 майи соли равон аз офати табиӣ зарар дида буданд, расонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати ташкил ва дастраси оилаҳои ниёзманд гардонидани кӯмакҳо ва эҳсонкориҳои соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад, саҳми арзанда мегузорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






