“Лӯлиҳо ва ҷӯгиҳо”, “Дар Туркия чӣ гап шуд?”, “Диктанти математикӣ” ва мавқеъи шаҳрвандии Ш.Ҳамдампур – шарҳи матбуот

Июль 21, 2016 16:15

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Шумораи рӯзи душанбе нашршудаи “Ҷумҳурият” (18.07.2016, №138) барқияи табрикии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ нашр кардааст. Сарвари давлати тоҷикон густаришу таҳкими равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо Британияи Кабир самти муҳими сиёсати хориҷии кишвар номида, ба ояндаи робитаҳои Тоҷикистону Британияи Кабир бо диди нек назар доштани Тоҷикистонро таъкид кардааст. Нашрияи расмии мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳои вобаста ба онро бо матни ҳамин тартиби нави хизматрасонӣ чоп карда, хабарҳо дар бораи мавриди баррасӣ қарор гирифтани ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, вохӯрии С.Аслов бо сафири фавқулода ва мухтори кишвари Япония дар Тоҷикистон, мақолаи “Андешаи миллӣ ва эъмори ҷомеаи инсонсолорӣ”, инчунин гузоришҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо дар бораи фаъолияти шашмоҳаи онҳо пешкаши хонандагон намудааст.

Шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (19.07.2016, №139) аз рафти машварати кории Пешвои миллат бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар, қабул шудани эътимодномаи 8 сафири навтаъйини кишварҳои хориҷӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои муфассал нашр карда, мақолаҳои таҳлилии “Салафиҳо хавориҷи асранд”, “Либоси миллӣ набояд бо унсурҳои бегона махлут бошад!” ва дигар маводҳои дар мавзӯъҳои муҳими рӯз навишташударо чоп намудааст.

“Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад”, — бо ҳамин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи дирӯзаи “Ҷумҳурият” (20.07.2016, № 140) аз нашр баромад. Хабару мақолаҳои дар саҳифаҳои нашрия чопшуда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро инъикос кардаанд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” (19.07.2016, № 91-92), ки  дар ҳаҷми 8 саҳифа чоп шудааст, ҷараёни Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос кардааст. Дар Иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ 39 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, чандин Қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буданд, аз ҷумла, Кодекси меҳнатро дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳафтаномаи “Омӯзор” – нашрияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар шумораи навбатии худ мақолаҳои “Иттиҳодияи методӣ — мададгори мураббиён”, “Диктанти математикӣ”, “Хурофот – душмани илм, рушд ва пешрафт”, “Ғалат боиси коҳиши маънист”, “То сухан бо сухане зам шавад…” ва матни Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар шаш моҳи соли 2016 чоп кардааст.

“Ҷавонони Тоҷикистон” таҳти сарлавҳаи “Дар Туркия чӣ гап шуд?” сармақолаи нашрияро пешкаши мухлисон кардааст. Муаллифи мақола аз номи нашрияи “Frankfurter Rundshau” чунин навиштааст: “Пахши ошӯби низомиёнро “лутфи худо” номидани Эрдуғон бесабаб нест. Бо ин ӯ ба орзуяш – системаи президентӣ, ки чандест ҳадаф қарор додааст, наздиктар шуда, акнун барои беруни давра кардани мухолифонаш ва пешгирии камтарин танқид дар нисбаташ имкон пайдо кард”. Нашрия ҳамчунин мақолаҳои “Лӯлиҳо ва ҷӯгиҳо”-ро нашр кардааст, ки аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳад шуд.

“Қадами номуборак” — таҳти чунин сарлавҳа ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаи Шарифи Ҳамдампурро чоп кардааст. Муаллиф назари худро ба мақолаи дар “Комсомольская правда” (бо имзои С. Пономарев) чопшуда изҳор карда навиштааст, ки мақолаи мазкур на аз нигоҳи касбӣ ва на аз нигоҳи ахлоқӣ ба ягон талабот ҷавоб намедиҳад, “балки он таҳқири миллати тоҷик аст”. Мавриди зикр аст, ки бо қарори қатъии Ш. Ҳамдампур баъд аз мақолаи С. Пономарев чопи минбаъдаи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон қатъ гардид.

Нашрияҳои “Нигоҳ” (мақолаи “Табаддулоти Туркия”) , “СССР” (мақолаи “Ҳоҷӣ Ҳалимҳои мо ва аз онҳо”), “Миллат” (мақолаи “Шоу”-и Эрдуғон”), “Фараж” (мақолаи “Поёни “қимори бузург”-и Эрдуғон”), ки ин ҳафта чоп шудаанд, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи ҳарбиён дар Ҷумҳурии Туркияро бо баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ аз мавқеи худ инъикос кардаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” мақолаи шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро  “Ба номи Худо, ба шири модар. Ҳар вожаи ин савганд як пораи ҷони ӯст” бознашр кардааст. Муаллиф навиштааст: “Ҳар соату ҳар дақиқаву шабу рӯзи ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллатамон, тамоми чорабиниҳову қарору нишондодҳо, ҳама иқдому ташаббусҳои ӯ як ҳадаф доранд: баланд бардоштани сатҳи моддиву маънавии ҳаёти халқ, ободу хурраму сарсабз намудани кишвари азизамон”. Нашрия ҳамчунин аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо хабару гузоришҳо чоп карда, дастовардҳо ва камбудиҳои соҳаҳои мухталифи ҳаётро ошкор намудааст.

Июль 21, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид