Марҳалаи гузариши тобистонаи футболбозон муайян гардид

Июль 4, 2016 11:24

Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи милли футболи Тоҷикистон марҳалаи тобистонаи гузариши футболбозонро  аз як даста ба дастаи дигар муайян кард. Бошгоҳҳои футболи лигаи олии мамлакат имкон доранд аз 1 то 21 июл футболбозони навро ба ҳайати дастаашон даъват кунанд ва шартномаҳоро ба имзо расонанд.
Оғози марҳалаи дуввум дар Тоҷикистон бо баргузор шудани бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 23 ва 24 июл мегузаранд, ба шумор меравад. Дар ҳамин маврид, тавре сомонаи Федератсияи футбол  хабар медиҳад, бозиҳои 1/8-ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои «Парвоз» – «Ваҳдат», «Равшан» – «Вахш» и «Канд» – «Барқчӣ аз рӯзи 23 июл ба 24 июл, аз сабаби гузаронидани курсҳои байналмилалии доварон дар шаҳри Душанбе, таҳвил дода шудаанд.
Дастаҳои лигаи якум дар ин маврид дархости худро барои амалӣ шудани тағйирот дар ҳайати дастааашон (1.07-21.07.2016) баррасӣ мекунанд ва баробари анҷом ёфтани марҳалаи аввали мусобиқот дар Лигаи якум (14 .08.2016) онро амалӣ хоҳанд кард. Тавре муайян шудааст, онҳо ҳуқуқ доранд бозингаронеро, ки дар марҳалаи аввал дар ягон даста ҳунарнамоӣ накардаанд, интихоб намоянд.

Июль 4, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд