Муассисаҳои беҳтарини сол дар вилояти Суғд муайян гардиданд
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни «Муассисаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид.
Аз байни муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан, Хонаи маданияти шаҳраки Ғафуров, Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Клуби ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент, Театри давлатии мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Мактаби санъати ба номи Д. Баҳромоваи шаҳри Конибодом муассисаҳои беҳтарин дониста шуданд.
Муассисаҳои номбурда ба талаботи шартҳои озмун, яъне фаъолияти хуби касбӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти фарҳангии вилоят ҷавобгӯ буданд.
Ғолибони мусобиқаи вилоятии «Муассисаи беҳтарини сол» дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






