Муассисаҳои тиббии вилояти Суғд ба 249 мутахассиси дорои маълумоти олӣ ниёз доранд
Душанбе. 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳа маҳсуб ёфта, нишондодҳои нисбатан пасти таъминот бо табибон дар шаҳру ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ 7,8, Деваштич 10,3, Айнӣ 11,0, Бобоҷон Ғафуров 11,6 ва Зафаробод 11,9ро ба 10 ҳазор аҳолӣ ба назар мерасад.
Талаботи муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ 249 нафар, ба мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 179 нафарро ташкил медиҳад. Нарасидани мутахассисони соҳаи беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, силшиносон, ташхиси шуоӣ, рўҳшиносон ва сироятшиносон ба назар мерасад. Баҳри ислоҳи вазъи баамаломада тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми интернатура соли 2015 ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Истаравшан ва Ҷаббор Расулов 9 нафар мутахассисони соҳаи беҳискунӣ ва наҷоти ҳаёт, ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Исфара 2 табиби рентгенолог, ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Конибодом 7 табиби оилавӣ ба кор фиристода шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳҳои тиббии солҳои 2013-2014 баъди хатми омўзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ, то имрўз 95 нафар хатмкунандагон, аз ҷумла дар соли 2016 25 нафар бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






