Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа: «Беҳтарин адибони ҷавон барои узвият ба Иттифоқи нависандагон пешниҳод мегарданд»

Июль 18, 2016 12:02

Душанбе, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Ваҳдат 25-27  июли соли равон Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавони   шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри  Душанбе баргузор мегардад.  Дар машварати мазкур  эҷодкорони ҷавон аз  ноҳияҳои Турсундода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, адибони шинохта  бо эҷодиёти онҳо   аз наздик шинос мешаванд ва ба онҳо дар масоили  эҷод, сабку усули он, дарёфти мавзӯъ,  эҳсоси гардишҳои нав дар зиндагӣ,  дарки  завқи хонандаи муосир ва дигар масъалаҳои ба он марбут тавсияҳои муфид  хоҳанд дод.
Хотиррасон менамоем, ки  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ҷиҳати  фароҳам овардани шароити мусоид барои  вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон моҳҳои июн-августи соли  равон  Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавонро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  роҳандозӣ  менамояд. Машварати мазкур дар 5 сол 1 маротиба гузаронида шуда, дар он адибони ҷавон (синни аз 17 то 35- сола)  иштирок  менамоянд.
Тавре Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  зикр намуд,  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  даври дуюми   Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон 12 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, натиҷаҳои он ҷамъбаст ва беҳтарин адибони ҷавон  барои узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Июль 18, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад