Н. Одилов: Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат аст

Июль 5, 2016 12:42

Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар  Хадамоти муҳоҷиратӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шўрои кўҳансолони ҳаракати Ваҳдат ва Эҳёи Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Русия, профессор  Нодир Одилов баргузор гардид.
Ҳамчунин дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур   профессор Нодир Одилов баромад намуда, иброз намуданд, ки истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Дар фазои истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисодӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра рўз то рўз ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаанд, — афзуд Нодир Одилов.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷиратӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон  иттилоъ доданд.

Июль 5, 2016 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд