Н. Одиназода: «Дар ҷумҳурӣ 634 ҳазору 553 нафақагир аст»

Июль 18, 2016 18:27

Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ«Ховар»/. «Дар ҷумҳурӣ 634 ҳазору 553 нафар нафақагир он аст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 258 нафар зиёд шудааст.»,- зикр намуд муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба  ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Агентӣ.
Айни замон 5 ҳазору 218 нафар гирандагони нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сатҳи муоинаи такрорӣ қарор доранд ва бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхисии тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошт гардидааст.
Назокат Одиназода дар мавриди маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва кумакпулиҳо ба ғайр аз пардохти нафақа ва кумакпулиҳо зикр намуд, ки сарчашмаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа андози иҷтимоӣ мебошад ва он барои таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Бар замми ин, ҷиҳати чорабиниҳои сиёсати шуғл кумакпулӣ (барои бекорӣ), чорабиниҳои иттифоқи касаба (солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо), барои ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Чумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» равона мегардад.

Июль 18, 2016 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад