Н. Одиназода: «Дар ҷумҳурӣ 634 ҳазору 553 нафақагир аст»
Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ«Ховар»/. «Дар ҷумҳурӣ 634 ҳазору 553 нафар нафақагир он аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 258 нафар зиёд шудааст.»,- зикр намуд муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Агентӣ.
Айни замон 5 ҳазору 218 нафар гирандагони нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сатҳи муоинаи такрорӣ қарор доранд ва бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхисии тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошт гардидааст.
Назокат Одиназода дар мавриди маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва кумакпулиҳо ба ғайр аз пардохти нафақа ва кумакпулиҳо зикр намуд, ки сарчашмаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа андози иҷтимоӣ мебошад ва он барои таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Бар замми ин, ҷиҳати чорабиниҳои сиёсати шуғл кумакпулӣ (барои бекорӣ), чорабиниҳои иттифоқи касаба (солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо), барои ҷуброни хароҷоти Бонки давлатии амонатгузории Чумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» равона мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






