Н. Солеҳов: «Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСРТ қабули шаҳрвандони хориҷӣ аст»
Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ 93 адад шартнома ба имзо расонидааст. Дар давоми нимсолаи якум 6 созишнома бо донишгоҳҳои хориҷӣ имзо карда шуд, иброз дошт дар нишасти матбуотӣ ректори ДСРТ Нуралӣ Солеҳов.
Инчунин ӯ зикр кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСРТ қабули шаҳрвандони хориҷӣ аст. Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳоло дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, 146 нафарро аз 11 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳанд.
Дар ДСРТ курсҳои забони русӣ барои шунавандагони хориҷӣ амал мекунанд, ки дар нимсолаи ҳисоботӣ 18 шаҳрванди хориҷӣ аз Афғонистон, Чин ва Эрон бомуваффақият ба анҷом расониданд ва соҳиби сертификат шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи шартнома дар бораи мубодилаи академӣ 9 донишҷӯи шуъбаи забони чини факултети филология, барои таҳсили семестри баҳорӣ ба Донишгоҳи Синтзян шаҳри Урумчии, ҶХХ фиристода шуданд, ки омӯзиши онҳо ройгон аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






