Намояндаи домии Тоҷикистон дар СММ дар мубоҳисаҳои тематикӣ ширкат кард

Июль 15, 2016 09:18

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 13 июли соли 2016 намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мубоҳисаҳои тематикии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар маркази рӯзномаи ҷаҳонӣ» ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ намояндаи доимии кишвар таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба самтҳои афзалиятноки рӯзномаи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон ва ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар механизмҳои байналмилалӣ ҷалб намуд.

Июль 15, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад