Неъматулло Эмомзода: «Миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст»
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки васеи рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҶИЭ ва ҳайати дипломатии муқими Эрон дар робита ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт», ки баргузории он 9 -11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ Неъматулло Эмомзода оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи истиқлолият сухан ронда, аз таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ташаккули сиёсати хориҷии кишвар ва аҳамияти пеш гирифтани сиёсати «дарҳои боз», роҳандозӣ ва таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам ёдовар шуд.
Неъматулло Эмомзода дар бораи равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба имрӯз беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.
Сафир дар бораи масоили об ва мушкилоти вобаста ба он дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, зимнан аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод. Ҳамчунин оид ба Ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» дар Душанбе ва ҳадафҳои он барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, сухан ронда изҳор намуд: «Имрӯз дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои глобалӣ ба захираҳои об ва афзоиши якбораи истифодаи об, дарёфт ва ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ оид ба масъалаҳои об, роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ба эҷоди рушди устувор, коҳиши камбизоатӣ, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ва умуман, таъмини сулҳу амонӣ мусоидат хоҳад кард».








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






