Оғози бунёди ду кӯдакистон дар шаҳри Хоруғ

Июль 11, 2016 09:41

Хоруғ,11.07.2016. /АМИТ«Ховар»/.  Айни ҳол дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар он 1766 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аммо ин рақам ҳанӯз нисбат ба талаботи мавҷуда поин аст. Ба гуфтаи сардори идораи маорифи вилоят Шоҳтут Хоников, дар худи маркази вилоят агарчӣ 5 кӯдакистон бо фаро гирифтани наздики 900 кӯдак амал менамоянд, аммо теъдоди зиёди волидон дар навбат истодаанд, то фарзандони хурдсолашонро ба муассисаҳои томактабӣ супоранд.
Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва созмонҳои байналмилалӣ бунёди ду кӯдакистон оғоз гардид, ки то охири сол ин ду иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин, дар вилоят 185 адад Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 4 ҳазору 500 кӯдак таълиму тарбия мегиранд.

Июль 11, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад