Парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи дастгоҳҳои барқтаъминкунанда
Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли равон тахминан соати 01:30 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар роҳи мошингарди самти Ҷаббор Расулов — Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаҳои нақлиётии тамғаҳои «Зил» рақами қайди давлатиашон 0324DD 02 ва 0324DО 02 барои азназаргузаронӣ боздошт шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаҳои нақлиётии зикршуда ба миқдори 4 адад дастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш 1000 кВА ва 4 адад дастгоҳи барқтаъминкунандаи намуди «Трансформатор»-и тавоноияш 400 кВА муайян карда шуд.
Ин миқдор мол ба шаҳрванд Р.Р., соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин миқдор молҳо 208 ҳазору 32 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Р. Р. бо моддаи 289 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






