Пешвои миллат: «Дини мубини ислом таълимоти созанда ва омӯзанда дорад»

Июль 6, 2016 08:55

Душанбе, 06.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кишвар дар Паёми табрикӣ ба  муносибати иди Рамазон аз таълимоти созандаи дини мубини ислом ёдовар шуда, зикр намуд: «Дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ мо имрӯз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро, бахусус, доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббат ва кумаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем».
Дар идомаи табрикот ба сокинони ҷумҳурӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои истиқлолият ва гиромидошти сулҳу суботи мамлакат ёдовар шуда гуфт: «Расидан ба қадри неъмат ва ба ҷо овардани шукронаи он аз ҷумлаи фазилату ҳикматҳои ҷовидонии фарҳанги милливу динии мардуми куҳанбунёди мо мебошад. Яъне ҳамаи маросиму ойинҳои миллии мо, ба шумули иди саиди Фитр бароямон рамзи барҷастаи шукрона аз неъматҳои истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, оромиву ободии кишвар ва аз рӯйи имону эътиқод дӯст доштани Ватан ба шумор мераванд».

Июль 6, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар