Прокуратураи вилояти Суғд ба 89 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки 73 адади онҳо ба ҷудо намудани қитъаҳои замин алоқаманд мебошанд, эътирозҳои назоратӣ овард

Июль 7, 2016 08:58

Душанбе, 07.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин мақомот дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраи нимсолаи якуми соли равон таҳти роҳбарии прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов баргузор гардид.
Мавсуф зикр кард, ки дар самти назорати умумӣ ҷиҳати бартараф сохтани қонунвайронкуниҳо зиёда аз 5200 санади эътиноӣ бароварда, 384 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноӣ 4365 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 36,4 млн. сомонӣ зарарҳои моддӣ барқарор гардид.
Дар самти назорати қонунгузории замин аз натиҷаи санҷишҳо 249 амру эътироз оварда, 104 пешниҳод бароварда, 635 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида, қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ва ғайриқонунӣ вобасташуда, ба масоҳати 4170 га ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Инчунин, 138 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки 90-тоаш ба ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ вобаста мебошад.
Дар давраи ҷамъбастӣ аз тарафи мақомоти Прокуратураи вилоят ба 89 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки 73 адади онҳо ба ҷудо намудани қитъаҳои замин алоқаманд мебошанд, эътирозҳои назоратӣ оварда шуданд.
Вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар қисмати расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, ба табобат фаро гирифтани ашхоси гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, ба монанди гирифтани пора, мукофотпулӣ, саривақт ба маҳалли даъватшуда ҳозир нагардидани кормандони ёрии таъҷилӣ, мувофиқи меъёр таъмин набудани стансияву шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ бо воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ, доруворӣ, иҷрои номатлуби вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби табибон ва саривақт бо табобат фаро нагирифтани шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ошкор шуданд.
Аз натиҷаи онҳо, баҳри бартараф сохтани қонунвайронкуниҳо 59 амру пешниҳод ва 7 эътироз оварда, 201 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуданд.
Дар самти назорати қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати он санҷишҳои мунтазам гузаронида, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор 90 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 55 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Дар самти иҷрои қонунгузории андоз дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ ба буҷети давлат ба маблағи 31 млн. сомонӣ бақияи қарзи андоз рӯёнида шуд.
Аз тарафи гурӯҳи кории прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 426 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм, назорати иҷрои қонунҳо пурзӯр карда шуда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 33 адад амру пешниҳод бароварда, 25 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.

Июль 7, 2016 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд