ПСС ҶТ соҳибкоронро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкоронро дар гузаронидани экспертизаи маҳсулот, рақамгузории маҳсулот, машварати ҳуқуқӣ, иттилоот, пайдо намудани шарикони сармоягузор ва гузаронидани тренингу семинарҳо дастгирӣ менамояд»,- иброз дошт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ва илова намуд, ки ҳоло шумораи соҳибкорон- аъзои Палатаи савдо ва саноат наздик ба 700 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ҷумла Манзура Рустамова зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории намоишгоҳ ва ярмарка майдони хубест, ки метавон беҳтарин маҳсулоти замона ва маҳсулоти истеҳсолкунандагони ҷаҳониро аз ин гуна ярмаркаҳо дастрас кард.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо намоишгоҳҳои байналмиллалӣ гузаронида мешаванд, ки дар онҳо ширкатҳои хориҷӣ аз тамоми олам иштирок менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






