Рӯзи маъюбон дар Суғд таҷлил мегардад
Душанбе, 05.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон 8 июл дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад.
Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 июни соли равон ба тасвиб расид.
Дар ин рӯз баргузории чорабиниҳое аз қабили аёдати маъюбон, расонидани кӯмак ба онҳо, ташкили дастурхони идона дар хона-интернатҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши маҳсулоти дастии маъюбон ва ғайраҳо ба нақша гирифта шуда, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо вазифадор гардидаанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда маъюбонро ба ғамхории ҳамаҷонибаи моддӣ ва маънавӣ фаро гиранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






