Рашт: 11 нафар зан ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқи интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд

Июль 30, 2016 09:56

Рашт, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. « Шумораи умумии занон дар ноҳияи Рашт то имрӯз 59 ҳазору 343 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 31 ҳазору 110 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи тандурустӣ 387 нафар, маориф 314, фарҳанг 56 ва дар рушди соҳибкории хурду миёна 68 нафар зан кору фаъолият доранд»,- иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт.
Ба иттилои манбаъ, дар корҳои мавсимии баҳорӣ беш аз 5906 нафар зан ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар ноҳия ба 146 нафар расидааст.
Аз ҷумла дар вазифаҳои муовини раиси ноҳия, ҷонишини раисони ҷамоатҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони корхонаҳо фаъолият доранд. Инчунин 11 нафар зан ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқи интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.

Июль 30, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд