Роҳбарони сохторҳои туристии Иттиҳод дар Бишкек Стратегияи рушди туризмро баррасӣ менамоянд
Душанбе, 07.07.2016 / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек ҷаласаи Шӯро оид ба туризми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи туризм ва такмили сиёсати давлатӣ дар бахши туризми кишварҳои ИДМ дар шароити нави иқтисодӣ баррасӣ гарданд.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон ҷараёни иҷрои нақша-чорабиниҳоро барои солҳои 2015-2017 дар доираи татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи туризм то соли 2020 ва таҳияи лоиҳаи нақша-чорабиниҳоро барои солҳои 2018-2020-ро муҳокима менамоянд. Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба татбиқи таҷриба ва рушди агроэкотуризм дар Беларус ва рушди туризми дохилӣ дар Русия матраҳ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам намояндагӣ менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






