Робитаҳои хориҷии Донишгоҳи миллӣ бо дигар муассисаҳои илми ҷаҳонӣ рушд меёбанд
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ Ховар/. «Давоми соли хониши 2015-2016 35 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати фаро гирифтани барномаҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва навиштани рисолаи дипломӣ ба донишгоҳ ва донишкадаҳои хориҷӣ фиристода шуданд»,- зикр намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик М. Имомзода ва илова кард, ки: «ҳамкориҳо дар ин самт хусусан бо Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (риштаи физика), Донишгоҳи федералии Қазон (риштаи химия), Донишгоҳи давлатии Петразаводскии Русия (риштаи забон ва адабиёти рус), Донишгоҳи омӯзгории Синзинян (риштаи забони хитойӣ) мавриди таъкиди махсусанд.
Баҳри тарғиби забон ва фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Н.Гулзода барои тадриси забони тоҷикӣ барои донишҷӯён ва ихлосмандон ба Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав сафарбар шуда, Маркази забон ва фарҳанги тоҷикро дар назди Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав таъсис дод. Ҳамчунин бо дархости дӯстдорони забон ва фарҳанги тоҷик дар музофоти Синзиняни Чин раёсати Донишгоҳи миллӣ дар соли хониши 2015-2016 ба Донишгоҳи омӯзгории Синзинян барои тадриси забони тоҷикӣ ва русӣ устодони соҳибтаҷрибаро сафарбар намуд.
Ҳамчунин давоми соли хониши сипаришуда 9 нафар донишҷӯёни бахши забони русӣ ва 7 нафар магистрантони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, филология, забон ва адабиёти рус дар доираи барномаҳои табодул дар ДМТ таҳсил намуданд. Дар баробари ин устодони варзида аз хориҷи кишвар низ барои таълиму тадриси донишҷӯёни тоҷик даъват шудаанд. Ҳоло 15 нафар устодони хориҷӣ ба шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯянд.
Зимни нишасти матбуотӣ ректори ДМТ академик М.Имомзода таъкид кард, ки: «тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ дар хориҷи кишвар аз самтҳои муҳими фаъолият маҳсуб мешавад. Дар соли хониши 2015-2016 10 нафар хатмкунандагону устодони ҷавони донишгоҳ ба аспирантураи муассисаҳои олии таҳсилоти Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои физика, химия, математика, информатика, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, филология фиристода шуданд. Беш аз 180 устодону муҳақиққон аз ДМТ бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои илмӣ, роҳандозии заминаҳои ҳамкорӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, 348 устодону олимон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ меҳмони Донишгоҳи миллӣ шуданд. Хусусан, ташрифи Раиси ҶИА доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ДМТ дар таърихи 10.05.2016 ва баргузории базми шеъри шоирони ҳавзаи Наврӯз дар таърихи 23 марти соли равон дар донишгоҳ хотирмон буд».








Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад






