Сафири Ҳиндустон ба ВКХ Тоҷикистон нухсаи Эътимоднома супорид
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 15 июли соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош нусхаи Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Дар суҳбате, ки пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома баргузор шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон, бахусус роҳҳои татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли 2015 дар Душанбе сурат гирифт, табодули назар карданд. Сироҷидин Аслов изҳори умед намуд, ки Сафири нави Ҳиндустон ҷиҳати рушди беш аз пеши ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯст саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Сафир Сомнатҳ Гош бар ҷойгоҳи хосси Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид намуда, изҳор дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.









Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






