Сафирони Австралия ва Шоҳигарии Таиланд ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии кишвар нусхаи эътимоднома супориданд

Июль 18, 2016 18:31

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Cафири Фавқулода ва Мухтори Австралия Питер Тешро ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Таиланд (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Нат Пинёваттаначипро  ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни мулоқоти баъд аз маросими нусхаи эътимодномасупорӣ доиргашта, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ва пешбурди фаъолияти касбиашон комёбиҳо орзу кард.
Ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ  ва ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Азми тарафҳо ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карда шуд.

Июль 18, 2016 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид