Шаҳрвандони Чин аз тарафи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон наҷот дода шуданд
Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, бештари наҷотёфтагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми саёҳат намудан дар обанбори «Баҳри Тоҷик», наздикии мавзеи базаи сайёҳӣ 14 нафар шаҳрвандон болои катери чӯбин, ки ба Осоишгоҳи «Баҳористон» тааллуқ дошт, рӯ ба ғарқшавӣ ниҳод. Ковок шудани тарҳи он ва ворид шудани об ба даруни муҳаррики катер сабаби ғарқшавии он гардид.
Дар натиҷаи чораҳои фаврии дастаи зудамали Ситод оид ба ҲФ вилояти Суғд, ки ба ҷои ҳодиса фавран ҳозир шуданд, ҳамаи шаҳрвандон сиҳату саломат наҷот ёфтанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






