Шавкат Бобозода: «Дар шаш моҳ 286 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шуд»

Июль 28, 2016 17:52

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Соли равон бори аввал корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини либоси мактабӣ бо шуъбаҳои Вазорати  маориф шартномаи корӣ баста, барои омода намудани либосҳои мактабӣ қисман пешпардохт гирифтанд», — иттилоъ дод Шавкат Бобозода,  вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Шавкат Бобозода  ҳамчунин илова намуд, ки либоси мактаби аз рӯи он низоме, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  пешниҳод шудааст бояд ба талабот ҷавобгӯй бошад. Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истеҳсоли либоси мактабӣ мувофиқи талабот истеҳсол нашудааст.
Бояд зикр намуд, ки барои иҷрои дастуру супориши Сарвари давлат доир ба 1 млн дона расонидани истеҳсоли либоси мактабӣ, корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ ба миқдори 286 ҳазор дона либос истеҳсол намуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 255 адад зиёд аст.

Июль 28, 2016 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд