Таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Конибодом
Конибодом, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоҷон Фозилов дар тарабхонаи «Корвон»-и шаҳри Конибодом барои 60 нафар маъюбон ва пиронсолон дастурхони идона ороста шуд.
Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматова зикр кард, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимон дар саргаҳаи сиёсати давлат қарор дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ низ фаъолияти худро барои ҳаматарафа фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба маъюбон ва пиронсолон, беҳтар кардани нигаҳдории тандурустӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият равона кардааст.
Иштирокдорони чорабинӣ сари дастурхони идона бо шукргузорӣ аз замони осоишта, имконоти фароҳамовардашуда барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат миннатдорӣ баён карданд.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ доир гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






