Тағойзода ва Шкляр масъалаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро муҳокима карданд
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар вохўрӣ бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус Шкляр Аркадий Хононович муҳокима намуданд.
Бояд зикр намуд, ки донишкадаи мазкур дар миқёси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) донишкадаи заминавӣ буда, дар он мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбии давлатҳои ИДМ ба бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои низоми таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат, инчунин таҳия намудани нақшаи таълимӣ ва барномаҳо дар асоси талаботи бозори меҳнат, меъёрҳои касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар раванди таълиму тарбия иброз намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






