Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро ба истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд

Июль 30, 2016 10:03

Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияи Кӯлоб даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад. Мутахассисон бар он назаранд, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва барои саломатии инсон хатарнок мегарданд.
Мутаассифона, дар соли равон чанд ҳодисаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли тарбузу харбуза ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст. Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро низ ба истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо кормандони соҳаҳои масъул сифати маҳсулоти маводи хӯрокаро аз назар мегузаронанд.
Дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад. Кормандони таҳлилгоҳи дохили бозор ҳама намуди маҳсулотро бо асбоби махсус ташхис намуда, сипас, ба фурӯши он иҷозат медиҳанд.
Ба қавли  мутахассисон,  оғози моҳи август аз сабаби хом чидани тарбузу харбуза ва як қатор мевагиҳо нитрати онҳо зиёд мебошад, ки ба саломатии инсон зарар мерасонад. Аз моҳи август бошад, нитрати ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ дараҷаи муайяни худро мегирад. Ҳамасола то охири моҳи июл назорати сифати маҳсулоти кишоварзӣ пурзӯр карда мешавад.

Июль 30, 2016 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар