Тарғиби амалҳои неку хайр вазифаи ҳар фарди мусулмон аст
Душанбе, 06.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми табрикӣ ба ифтихори иди Рамазон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «Ҳар як инсони савобҷӯ метавонад дар арафаи иди саиди Фитр ва дар рӯзи ид то адои намоз хайри худро ба бародарону хоҳарон ва хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонида, соҳиби савобу самараи дучанд гардад. Зеро тибқи фармудаҳои Қуръони маҷид ва пайғамбари ислом маҳз чунин шахсон ба қабули хайру садақа ҳақ доранд. Ҳамчунин, дар дини мубини ислом, бахусус дар байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ саъю талош барои сулҳу оромии ҷомеа ва густариши инсофу адолат мақоми баланд дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиндагии худро бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ ба сар барад, ростқавлу росткор, кушодадилу кушодачеҳра ва саховатпешаву ҳимматбаланд бошад ва ҳамеша аз аъмоли зишт, зулму ситам, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат канораҷӯӣ карда, ин амалҳои носавобу ғайриматлубро маҳкум намояд».
Субҳи имрӯз дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат бо хондани намози иди саиди Фитр ҷашнгирии оммавии иди Рамазон оғоз гардид. Мувофиқи қонунгузории мамлакат имрӯз рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






