Тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои таълимӣ ва хобгоҳ мегарданд

Июль 26, 2016 13:28

Хоруғ, 26.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Бо маблағгузории шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  бунёди бинои нави мактаб-интернати деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.
Ба гуфтаи директори ин муассисаи таълимӣ, бинои қаблӣ аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва дар натиҷаи зилзила ва барфу боронгариҳо комилан хароб гардидааст. Омӯзгорону хонандагони мактаби мо   бо як нома аз Пешвои миллат хоҳиш намуданд, ки барои бунёди бинои нав ба мо кумак  расонад. Водии Бартанг аз маркази вилоят ва ноҳия хеле дур ҷо гирифтааст ва дар фасли зимистон роҳи мошинагард ба иллати тармаву сел ва сангчарх зуд зуд баста мешавад. Аксарияти тарбиятгирандагон ҳатто дар таътили зимистона низ дар ҳамин ҷо мемонанд. Бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани дару тиреза, фаршу боми синфхонаҳо ва  хобгоҳ гарм карданашон барои мо хеле мушкил аст.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, то 250 хонанда дар он таҳсил мекунанд. Ҳамзамон дар канори бинои таълимӣ хобгоҳ барои 50 нафар эъмор мегардад. Ин бино соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Июль 26, 2016 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид