«Тарзи ҳаёти солим-интихоби мо!»: 30 июл дар тамоми кишвар Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад

Июль 27, 2016 10:07

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 июли соли 2016 соати 07:00 дар қаламрави кишвар Марафони саломатии велосипедронӣ бо иштироки оммаи васеи мардум баргузор мегардад.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди оммавияти варзиши намуди велосипедронӣ дар кишвар бахшида шудааст.
Макони оғоз ва баргузорӣ:
Вело-2шаҳри Душанбе аз Наврӯзгоҳи пойтахт то Чорбоғ; шаҳри Хоруғ аз даромадгоҳи шаҳри Хоруғ то майдони Исмоили Сомонӣ; шаҳри Хуҷанд  Ҳавзи шиноварӣ, кӯчаи Сирдарё, пули Ҷашнӣ, майдони Парчами миллӣ; Қӯрғонтеппа: ноҳияи Дустӣ (саҳни маркази ҷавонон) то маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ; Кӯлоб: аз ноҳияи Восеь (аз майдони муҷассамаи шуриши Восеъ) то майдони Парчами миллии шаҳри Кӯлоб; ноҳияи Рашт: деҳаи Сари пул то ҷамоати деҳоти Каланак;
Иштироки фаъолонаи тамоми хоҳишмандон — велосепедронҳо дар чорабинии мазкур нишонаи таҳкими тарзи ҳаёти солим ва шукргузорӣ аз иттиҳоду сарҷамъӣ ва иқболи миллат хоҳад буд.
Тарзи ҳаёти солим-интихоби мост!

Июль 27, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад