Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳамкориро дар самти ҷилавгирӣ аз қочоқи мол густариш медиҳанд
Душанбе 18.07.2016 /Душанбе, АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳамкориро дар самти ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти қоҷоқӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто дар шаҳри Гулистон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, Русия- Андрей Белянинов ва Қирғизистон Азамат Сулаймонов доир гардид.
Роҳбарони мақомоти гумруки се кишвар ҳамзамон масоили марбут ба ташкили назорати муштарак дар маҳалҳои сарҳадӣ, ки мол ва воситаҳои нақлиёт бештар бо роҳҳои ғайриқонунӣ интиқол дода мешаванд, фаъол намудани кор дар самти табодули иттилоот байни воҳидҳои минтақавии хадамоти гумрук дар мубориза бар зидди қочоқи молро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон ба масъалаҳои ба таври муштарак гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-машваратӣ оид ба пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт тақвияти ҳамкорӣ дар бахши тафтишоти парвандаҳои ҷиноӣ, баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дахл карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






