Тоҷикистону Чин бо ҷинояткорӣ якҷоя мубориза мебаранд
Душанбе, 08.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Хитойи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба омодакунии кадрҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, мубодилаи таҷрибаи корӣ миёни омӯзгорони мактабҳои олии зикргардида дирӯз дар вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода бо ҳайати Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Хитой мавриди барраси қарор гирифт.
Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, чорабинии мазкур дар доираи санадҳои баимзорасида байни Тоҷикистону Чин доир гардида, дар вохурӣ ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо ҷинояткорӣ боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Зикр гардид, ки сарварони кишварҳои мо барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва дӯстии миёни мардуми он таваҷҷуҳи хоса доранд. Зимни вохӯриҳои судманди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвари Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тсзинпин як қатор созишномаҳои муҳим оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд, ки натиҷаи онро дар рушди савдо ва иқтисодиёт, кӯшишҳои якҷоя дар муқобилиятсозӣ ба ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар ҷиноятҳои вазнин мебинем.
Саҳми Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти омодакунии кадрҳои самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккилона назаррас мебошад.
Муовини декани факултети мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Хитойи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Гуан Чунфей гуфт ки омода аст, барои омодакунии кадрҳо ва мубодилаи таҷриба миёни кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва ҳайати омӯзгорони мактабҳои олии ду кишвар саҳми худро гузоранд. Дар Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Хитой 755 омӯзгори касбӣ ва дигар кормандон, 93 профессор ва 138 досент фаъолият намуда, мутахассисонро дар соҳаҳои криминалистика ва экспертизаи судӣ, дигар бахшҳои ҳуқуқ омода месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






