Вафо Назаров: Мукофоти ман мукофоти мардуми шарифи Тоҷикистон аст
Душанбе. 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, академики Академияи рассомии Тоҷикистон, доктори фахрии санъат дар риштаи санъати ҷаҳонӣ ба дарёфти Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» («Звезды Содружества») барои соли 2015 ноил гардид.
Чанде пеш дар маросими тантанавӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия Пулод Булбулоғлу, роҳбари Кумитаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» Ҷоизаи мазкурро бо маблағи 30 ҳазор доллар ба Вафо Назаров супурд.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Вафо Назаров зикр намуд, ки муҳаббату дилбастагии бепоён ба табиати зебову нотакрори Тоҷикистон ӯро ба рассомӣ ҳидоят намуд ва аз тақдир миннатдор аст, ки ҳамчун фарзанди ин Ватан муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодӣ имкон пайдо намуд, ки дар беш аз 40 кишвари дунё манзараҳои дилфиребу мардуми заҳматкаши ин сарзамини биҳиштосоро тавассути тасвирҳояш муаррифӣ намояд.
-Мукофоти ман мукофоти мардуми шарифи Тоҷикистон аст,- гуфт Вафо Назаров ва афзуд, ки мақсад дорад, ки як қисми маблағи Ҷоизаи мазкурро ба 4 нафар ниёзманд, ки ҳамроҳаш дар ятимхонаи бачаҳои болаёқати собиқ шаҳри Сталинобод тарбия гирифтаанд, тақдим намуда, як қисми дигарашро ҳамчун рамзи изҳори миннатдорӣ барои гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар сари қабри Анна Ивановна Режник, директор ва Иван Илич Пушкарёв мураббии ятимхонаи мазкур дар ҳамон солҳо, ки барои камол расидани як насли пурқуввати рассомони тоҷик нақши босазо гузоштаанд, сарф намояд.
Хотирасон менамоем, ки Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар 7 — солагӣ аз падару модар ятим монда, аввал дар ятимхонаи шаҳри Кӯлоб, сипас дар ноҳияи Ховалинг тарбия гирифтааст. Соли 1948 дар яке аз озмунҳо барои бачаҳои болаёқат ғолиб омада, минбаъд дар ятимхона барои бачаҳои болаёқати собиқ шаҳри Сталинобод тарбия ёфтааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»








ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ модели муосири мактаби миллӣ ташаккул ёфт
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд






