Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл ҳайати дастаи мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар карданд.
Варзишгаронро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов, мурабиёну наздиконашон гусел намуда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барояшон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат буда, ҳафт нафари онҳо варзишгар ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд. Варзишгарони тоҷик дар Олимпиада дар чор риштаи варзиш- бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ интихоб шудааст. Ин бозиҳо 5 август дар варзишгоҳи «Маракана»-и Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ меёбанд.
Дилшод Назаров бори чорум аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад.








Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард






