Варзишгарони тоҷик ба Бразилия сафар карданд

Июль 29, 2016 14:47

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 28 июл ҳайати дастаи мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Сан-Паулу-Рио-де-Жанейро ба Бразилия сафар карданд.
Варзишгаронро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов, мурабиёну наздиконашон  гусел намуда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барояшон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки  ҳайати олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат буда, ҳафт нафари онҳо варзишгар ва 16 нафари дигар мураббиёну роҳбарони федератсияҳои миллии варзишӣ ва ашхоси расмӣ мебошанд. Варзишгарони тоҷик дар Олимпиада дар чор риштаи варзиш- бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки  гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ интихоб шудааст. Ин бозиҳо 5 август дар варзишгоҳи «Маракана»-и Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ меёбанд.
Дилшод Назаров бори чорум аст, ки Тоҷикистонро  дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад.

Июль 29, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид