Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ бахшида ба Иди саиди Фитр

Июль 4, 2016 11:27

Душанбе , 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба Иди саиди Фитр барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд.
Ярмаркаи мазкур барои дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва пурғановат гардонидани дастархони идонаи онҳо равона гардидааст.
Маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оварда шуда, бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши харидорон гардиданд.
Меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили картошка, помидор, бодиринг, боқлаҷон бо нархи 1 сомонӣ, пиёзу сабзӣ 50 дирам, 1 дона тухм 50 дирам, тарбузу харбуза бо нархи 2 сомонӣ, як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, равған 6 сомонӣ, шакар 5 сомонӣ, биринҷ, наску нахуд, марҷумак 4 сомонӣ, як халта орд 130 сомониро ташкил медод.
Ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар арафаи ҷашну маросимҳои миллӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромада, кормандон барои иқдоми хайри пешгирифтаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи Иди шарифи Рамазон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Июль 4, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад